Хабарҳо

ДУШМАНИ ХАЛҚ” ШУД? МАНИЖАРО БА ҶАШНВОРАИ ПЕТЕРБУРГ РОҲ НАДОДАНД

ДУШМАНИ ХАЛҚ” ШУД? МАНИЖАРО БА ҶАШНВОРАИ ПЕТЕРБУРГ РОҲ НАДОДАНД

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа, ки соли 2021 дар озмуни муътабари “Евровидение” аз Русия намояндагӣ кард, хабар дод, ки дар ҷашнвораи «Стереолето» дар Петербург ҳунарнамоӣ намекунад. Манижа бидуни овардани тафсилоте дар Инстаграм навишт, ки номи ӯро аз рӯйхатти иштирокчиёни ҷашнвора “бардоштаанд”. Ҷашнвораи “Стереолето” рӯзиҳои 12–13 июн доир мешавад ва Манижа қаблан гуфта буд, ки барои иштирок дар ин чорабинӣ аз Фаронса ба Русия бармегардад. Манижа чанде пеш дар пайи дар шаҳри Порис дучори садама шудани хоҳараш ба Фаронса рафта буд.

Ҷашнвораи STEREOLETO 2022 низ дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” тасдиқ кард, ки ҳунарнамоии Манижаро дар ин ҷашнвора “бо сабабҳои аз онҳо новобаста” лағв кардаанд.

Манижа баъди нашри хабари иштиркоаш дар ҷашнвораи “Стереолето” ҳадафи як маъракаи густардаи ҳамла қарор гирифт. Дар ин маърака бахусус ҳунарпешаи рус Мария Шукшина сахт фаъол буд.

“Чанд рӯз боз ба ман дар бораи ҷашнвораи “Стереолето” менависанд. Аз чӣ бошад, шумори зиёди хоинон дар инҷо ҷамъ мешаванд, то сароянду рақсанду хурсандӣ кунанд. Ба Петербург магар ин лозим аст?” — навиштааст Шукшина дар Телеграм.

Манижа мухолифи ҷанги зидди Украину буд ва онро “ҷанги бародаркуш” номида, моҳи марти соли ҷорӣ, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали оғози ҷанги Украина таронаи наваш бо номи “Сарбоз” бо забони англисиро нашр кард, ки дар он бо сароҳат мухолифати худро ба ҳар навъ ҷангу хунрезӣ баён кард.

Манижа аввалин ҳунарманде нест, ки ба маҳзи мавқеаш нисбат ба ҷанги Русия дар Украина муҷозот мешавад. Моҳи май мақомоти Русия овозхони зодаи Ӯзбекистон Нарзиз Зокироваро ба қаламрави Русия роҳ надоданд ва эълон карданд, ки ӯ барои 50 сол, яъне то соли 2072 (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудааст. Наргиз Зокирова низ ҷанги Русия ба зидди Украинаро маҳкум карда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button