Хабарҳо

КУШТОРИ ҶАНГАЛБОН ДАР АШТ ДАР ПАЙИ БОЗДОШТИ 9 САР ЧОРВОИ СОКИНОН

КУШТОРИ ҶАНГАЛБОН ДАР АШТ ДАР ПАЙИ БОЗДОШТИ 9 САР ЧОРВОИ СОКИНОН

Субҳи барвақти 4 май, тахминан соатҳои 5 дар як роҳи кӯҳӣ дар мавзеи Учқунсойи доманакӯҳҳои Қурама дар наздикии деҳаи Дӯлонаи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ашт роҳгузарон ҷасади Аъзам Султонов, ҷангалбони хоҷагии ҷангали ин ноҳияро бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфтанд. Ташхис нишон дод, ки ин сокини 53-солаи шаҳраки Шайдонро бо чандин зарба бо санг ба қисмати пешона ва фарқи сар, ки боиси шикастани косахонаи сари ҷангалбон шудааст, куштаанд. Ба гуруҳи фаврию тафтишотӣ муяссар шуд, ки бо изи гарм дар як муддати кӯтоҳ ин ҷиноятро кушода, гумонбар: сокини деҳаи Дӯлона Урмоқов Муҳриддин, соли таваллудаш 1992-ро дастгир кунад.

Муҳриддин Урмоқов нақл кардааст, ки ҷангалбон он рӯз 9 гови сокинони деҳаи Дӯлона, аз ҷумла ду гови худи ӯро барои ба замини боғ даромаданашон боздошт карда, мехост нисбат ба сокинони ин говҳо санад, яъне протокол тартиб диҳад. Урмоқов аз Султонов хостааст, ки говҳои ӯро пас бидиҳад. Вале ҷангалбон, инро рад карда, дашномҳои қабеҳ додааст ва ӯ ба хашм омада, бо санг ба ҷангалбон ҳуҷум кардааст.

Урмоқов дар ин гузориш мегӯяд, ки “ман аслан қасди куштани ҷангалбонро надоштам. Фақат мехостам, ки говҳоямро баргардонад…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button