Хабарҳо

ДАРЁФТИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БОЗ ОСОНТАР МЕШАВАД. БА ВИЖА БАРОИ МУТАХАССИСОНИ БОИСТЕЪДОД

ДАРЁФТИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БОЗ ОСОНТАР МЕШАВАД. БА ВИЖА БАРОИ МУТАХАССИСОНИ БОИСТЕЪДОД

Леонид Калашников, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили СНГ, АвроОсиё ва робитаҳо бо ҳамватанон хабар дод, ки тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои боз чанд гуруҳи шаҳрвандони хориҷӣ осонтар карда шуда, барномаи “Переселение” низ тағйир меёбад. Қарор аст, Думаи давлатӣ қонунҳои навро дар ин бобат тирамоҳи соли ҷорӣ қабул кунад.

Дар барномаи “Переселение” аз ин ба баъд ба довталабони кӯчидан ба Русия иҷозат дода хоҳад шуд, то минтақаеро, ки мехоҳанд ба он ҷо бикӯчанд, худашон интихоб кунанд. То кунун ба кадом минтақа кӯчондани довталабонро мақомоти Русия муқаррар мекарданд.

Калашников гуфт, ҳамин тавр, донишҷӯёни хориҷие, ки донишгоҳҳои Русияро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд, бар асоси тавсияи донишгоҳҳояшон метавонанд тақрибан ба сурати автоматӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. Барои ин бояд ба се қонуни федералӣ тирамоҳи соли ҷорӣ тағйирот ворид карда шавад. Бар асоси яке аз онҳо, донишҷӯёни хориҷии аълохони Донишгоҳи давлатии Маскав ва донишгоҳи давлатии Санкт Петербург, ҳамчунин донишгоҳҳои федералӣ метавонанд барои анҷоми таҳсил барои дарёфти шаҳрвандӣ ариза бидиҳанд ва бидуни мушкил соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button