Хабарҳо

НАШРИ ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА ВА НОМҲОИ ДУ ТОҶИКИСТОНИИ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ ҲАЛОКШУДА

Консулхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия хабари ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ ва номҳои онҳоро нашр кард:

1. Далерҷон Тӯрақулов, 27–сола,

2. Насимдҷон Эшмиродов, 33–сола, ҳарду аз деҳаи Гулистони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббори вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон.

Ин ду ҷавон 26 майи соли 2022, вақте ки дар қабати 32-юми як сохтмони нотамом дар кӯчаи Московская дар маркази шаҳри Екатеринбург кор мекарданд, бар асари ногаҳон канда шудани “гаҳвора” (люлька) ба замин афтоданд. Гуфта мешавад, баъди афтидан аз чунин баландӣ онҳо шанси зинда мондан надоштанд.

“Роҳбари ширкати сохтмонӣ барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои дигар кумак расонда истодааст. Дар ҳоли ҳозир, бародари яке аз ҳалокшудагон дар Екатеринбург аст, хешовандони марди дуюми ҳалокшуда бояд имрӯз, 27 май аз Маскав биоянд”, — хабар додаанд дар консулхона ба хабаргузории “Азия Плюс”.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи маҳаллии Е1.Ру видео аз ҷои ҳодисаро нашр кардааст. Бино ба иттилои ин нашрия, ду муҳоҷири тоҷик дар қабати 32-юми бино дар даруни “гаҳвора” дукаса кор мекарданд, вале банди “гаҳвора” аз як тараф канда шудааст ва ҳарду ба замин сарозер шудаанд.

— Гаҳвора ба сабаби бори аз меъёр зиёд доштанаш чаппа шудааст. Инро коргарони он сохтмон гуфтанд, — хабар додааст ба E1.RU як шоҳиди ҳодиса.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button