Хабарҳо

ДАР ПОЙТАХТ ЯК ДАРАХТУ ЯК БОМ БОЛОИ 8 МОШИН ЧАППА ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 20 майи соли 2022 хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид ба қайд гирифта шуд ва бегоҳии 19 май дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое, назири шикастани дарахтон ва канда шудани боми хонаҳо аз боди сахт хабар расид.Аз ҷумла 19 май соати 20:36, дар наздикии бинои маъмурияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев, хонаи №36/3 бар асари боди шадид як дарахти азим болои мошини тамғаи “Ниссан” чаппа шуд.Ғайр аз ин соати 21:48 дар ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор-2 ноҳияи Сино шамол боми як хонаи шашоёнаро ба замин зад. Дар натиҷа, боми масоҳаташҳудудан 500 метри мураббаъ болои 7 мошин дар наздикии бино сарозер шуд.КҲФ гуфт, хушбахтона, ин ду ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button