АфғонистонМинтақа ва Ҷаҳон

Фармони нави Толибон: «Занҳо дар телевизион чеҳраи худро бипӯшонанд»

Дастури нави Толибон дар бораи тарзи либоспӯшии муҷрӣ ё барандагони зан дар телевизионҳои Афғонистон вокунишҳоеро ба миён овардааст.

Як масъули бахши занон дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Твиттер навишт, амалкарди Толибон барои берун кардани занон аз зиндагии иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои рӯзмарра, ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Масъулини телевизионҳои хусусӣ дар Афғонистон маҷбур шудаанд, то ҳузури муҷриёни занро дар барномаҳои худ тибқи дастури нав омода бисозанд.

Шаҳзод Акбар, раиси пешини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, дар вокуниш ба ин иқдоми Толибон дар «Твиттер» навишт, ниме аз сокинони Афғонистон гурусна ба хоб мераваанд, таркиш, қатл ва худкушӣ рӯзона дар ин кишвар рух медиҳад ва дар ин вазъият ба гуфтаи ӯ, авлавияти ҳукуматдорон, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба мӯй, рӯй ва либоси занон аст.

Муҷриёни зан дар телевизионҳои хусусии Афғонистон рӯзи гузашта бо чеҳраҳои пӯшида дар барномаҳо зоҳир шуданд. Бархе аз ин телевизионҳо мегӯянд, ки Толибон дастур додаанд, ки ҳамаи муҷриёни зан дар ҳангоми иҷрои барномаҳо рӯйҳояшонро бипӯшонанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар гуфтугӯ бо расонаҳо аз ин амалкард ҳимоят карда, гуфтааст, «хоҳиши мо ин аст, ки хоҳарони мо ҳиҷобро риоя кунанд. Ин як амри динӣ аст, ки ба иффат ва иззаташон кӯмак мекунад ва коре нест, ки таҳдид дониста шавад. Шумо огоҳӣ доред, ки қаблан коронавирус омад ва ҳамаи мардум маҷбур ба ниқоб пушидан шуда буданд. Агар амри динӣ чунин як чизе бошад, чӣ мушкиле аст»?

Аммо фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон бо ин суханони Забеҳуллоҳ Муҷоҳид розӣ нестанд. Фаришта Яъқуб, фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон мегӯяд, «ба унвони як зани мусалмон ва ба унвони як зан, ки дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ мекунам ва дар як хонаводаи исломӣ калон шудам ва ба арзишҳои исломӣ пойбанд ҳастам, фикр мекунам ва маълумоте ки аз дин дорам, ин суҳбати оқои Муҷоҳидро як амри динӣ фикр намекунам. Ба хотири он ки дар дини ислом ва ба хусус фиқҳи ҳанафӣ, занон маҷбур нестанд, ки чеҳраи худро бипӯшонанд».

Ҳукумати Толибон ҳудуди даҳ рӯз пеш пеш бо судури фармоне, ҳиҷобро дар Афғонистон иҷборӣ кард. Дар фармон ба занон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати сарпечӣ аз он падар ё наздиктарин марди узи хонаводаи онҳо даъват ва дар ниҳоят зиндонӣ мешавад.

Дар фармони онҳо омадааст, ки «ҳиҷоб як амри шаръӣ ва расмӣ аст» ва бояд бечунучаро иҷро шавад. Вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон рӯзи 7-уми май гуфт, фармони онҳо дар бораи ҳиҷоб дар натиҷаи пешниҳоди уламои динии кишвар содир шудааст.

Бар асоси ин фармон, вазорат вазифадор аст, то назорат кунад, ки ҳамаи занон дар Афғонистон ҳиҷоб ва ё бурқа бипӯшанд. Дар санади вазорат дар ин бора омадааст, ки «барои занони мусулмон, асил ва болиғ риояти ҳиҷоб фарзу зарурӣ аст». Дар ин санад чодир, ё бурқаро беҳтарин шакли ҳиҷоб номида ва гуфтаанд, ҳар навъ либосе, ки баданро бипӯшонад ва ба он начаспида бошад, ҳиҷоб дониста мешавад.

Муқаррароти дигари Толибон дар бораи ҳиҷоб ин будааст, ки агар зане дар идораи давлатӣ кор кунад ва ҳиҷоби фармудаи онҳоро напӯшад, бояд аз кор ронда шавад.

Ин фармони Толибон бо вокунишҳо ва интиқодҳои густурда дар дохил ва берун аз Афғонистон рӯбарӯ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ фармони Толибонро, ки яке дигар аз фармонҳои онҳо дар бораи маҳрум кардани занони афғон аз ҳуқуқи худ аст, сахт танқид карданд. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як баёнияе дар рӯзи 8-уми май гуфт, ин эълони Толибон, ки занон бояд дар ҷойҳои умумӣ чеҳраи худро пинҳон кунанд ва бидуни зарурат аз хона берун наоянд, ӯро бисёр нигарон кардааст.

Толибон, ки моҳи августи соли гузашта ҳукуматро дар Афғонистон гирифтанд, аз ҳамон рӯзҳои аввал занони афғонро аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум карданд. Онҳо ҳамчунин амр доданд, ки занони афғон аз хона танҳо берун наоянд ва агар омаданд, ҳам бояд мард ва ё хешованди маҳраме бо худ дошта бошанд.

Ҷомеи байналмилалӣ борҳо аз Толибон хостааст, ки ба ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром бигузоранд ва ба онҳо иҷоза бидиҳанд, ки мисли ҳама кору зиндагӣ ва таҳсил кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button