Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕ ВА ДЕҲБАЛАНДИ ПАНҶ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19 майи соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз ду садамаи марговар рӯй дода, боиси марги 3 нафар шудааст. Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ВКД алакай дар бораи ҳалокати 7 нафар дар 6 садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.Бино ба ин манбаъ, 19-уми майи соли 2022, тахминан соати 12:15, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Витс», Қобилов Далер Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Қумриев Абдулҳамид Холиқович, соли таваллудаш 1944, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, пирамарди 78-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Ҳамин тариқ, шаби 19-уми майи соли 2022, тахминан соати 00:30, ронандаи мототсикл Менгёров Юлдош Сотиболдиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба мототсикли дигар таҳти идораи Шарипов Яқуб Муҳаммадович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.Дар натиҷа, Шарипов Я.М. ва мусофираш Ҷаборов Бегмат Ҳасанович, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Менгёров Ю.С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button