ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон роҳпаймоӣ сурат гирифт

Дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бахшида ба 77 — умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳпаймоӣ сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон раҳпаймоии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

«Афсарони низомии Русия дар пойгоҳи 201-и мустақар дар Тоҷикистон дар раҳпаймоии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карданд», — омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни ташкилӣ фармондеҳи қисми низомии Русия полковник Евгений Ковилин ҳайати шахсии қисмро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, фармони табрикиро қироат кард.Дар чорабинии идона соли ҷорӣ аввалин бор дружинаи парадӣ, ки аз хизматчиёни ҳарбӣ иборат аст, ширкат варзиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button