Хабарҳо

ВКД: ГУЛАНДОМ ДУХТАРОНИ ТОҶИКРО ФИРЕБ ДОДА, БАРОИ ТАНФУРӮШӢ БА ТУРКИЯ МЕФИРИСТОД (ВИДЕО)

Бино ба иттилои тафтишот, сокини деҳаи Чиртаки ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода Гадоева Гуландом Абулазизовна, соли таваллудаш 1994 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Туркия Юсуф, мулаққаб ба Ота, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ ба боварии духтарони ҷавони тоҷик даромада, ба онҳо бардурӯғ ваъда медодааст, ки дар Туркия барояшон ҷойҳои кори сердаромад бо маоши баланд пайдо мекунад. Дар гузорише, ки дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки Гадоева аз моҳи январи соли 2021 то моҳи январи соли 2022 дар се марҳала занону духтарони ҷавони тоҷикро аз ҳисоби худаш чиптаи парвоз харида, тавассути парвози Душанбе Истанбул ба Туркия фиристодааст. Дар Истанбул шарики ӯ Юсуф “Ота” ин занону духтаронро пешвоз гирифта, ба шаҳри Ялова, ки ягон 90 километр аз Истанбул дуртар аст, бурда, дар онҷо бо талаби баргардондани пули қарзи ӯву Гуландом онҳоро ба танфурӯшӣ водор кардааст.Назари худи Гадоева дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, ки ӯ дар баёноташ гуфтааст, ки гӯё бо чунин роҳ аз ҳар духтари ба Туркия фиристодаашон аз 5 ҳазор то 6 ҳазор доллар фоида ба даст меоварданд.Ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button