Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ СОБИҚИ ДАСТГОҲИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН

Назруллоҳ Абдулваҳҳобов, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ки аз соли 1995 то 2004 раҳбари дастгоҳи парлумони Тоҷикистон буд, рӯзи 7 майи соли 2022 дар синни 84 аз олам чашм пӯшид.Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 8 май дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.Назруллоҳ Абдулваҳҳобов 10 майи соли 1938 дар ноҳияи Кангурт таваллуд шуда, мактаби 7-солаи ба номи Пайрав Сулаймониро дар зодгоҳаш ва сипас соли 1957 мактаб-интернати Кангурт ва соли 1962 риштаи физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст.Назруллоҳ Абдулваҳҳобов дар мақомҳои роҳбари Дастгоҳи Шӯрои Олии ҶТ (1995-2000), роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ (2000-2004), сардори Раёсати хоҷагӣ-маъмурии дастгоҳи Вазорати алоқаи ҶТ (2005-2007) ва муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (2007-2010) кор кардааст.Муаллифи беш аз 10 китобҳои қиссаву достонҳо аз ҳаёти мардуми Тоҷикистон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button