Хабарҳо

АСАРОТИ ОБХЕЗИҲОИ РӮЗИ 4 МАЙ. СЕЛ РОҲУ ПУЛҲОРО ШУСТ, 130 ГӮСФАНДРО НОБУД КАРД (Видео)

.Сокинони деҳаи Ғуриёт дар канори шаҳри Ҳисор хабар доданд, ки рӯзи 4 майи соли 2022 бар асари сел дар ин деҳа ҳудуди 130 гӯсфанд нобуд шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, селҳои харобиовари зи 4 май дар кишвар сабаби харобиҳои зиёд шуданд, вале хушбахтона, дар ин офатҳои табиӣ касе осеб надидааст.Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 4 май бар асари обхезӣ дар километри 448уми роҳи Кӯлоб Даровх Ванҷ дар мавзеи Хехики ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ роҳ муваққатан баста шуд. Соати 16:30 сел боиси масдуд шудани роҳи байни деҳаҳои Мазори Шарифи ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати ба номи Рӯдакӣ дар канори шаҳри Панҷакент шуд. Соати 17:10 дар пайи боришоти шадид ба далели набуди шабакаҳои селпарто дар ҳудуди деҳаи Ятини ҷамоати Гули Сурх дар канори шаҳри Истаравшан низ сел омад. Ҳамин тавр, соати 16:00 ҳангоми аз чарогоҳ пас овардани рамаи чорвои хурд дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ сел омад ва 3 бузу 2 гӯсфандро бурд.Барои ҳифзи зироат рӯзҳои 3 ва 4 май дар ҳудуди Турсунзода, Ёвон, Данғара ва Кӯшониён 64 мушаки зидди жолаи навъи “Алазан” зада шуда, тавассути онҳо 24 ҳолати хатарҳои фурӯ рехтани жола пешгирӣ карда шудааст.Бино ба пешбинии ҳавошиносон, обу ҳаво дар Тоҷикистон рӯзҳои 5 ва 6 май низ номусоид боқӣ монда, эҳтимоли фурӯ рехтани селҳои нав вуҷуд дорад.

https://www.facebook.com/groups/392307828356419/posts/1044576096462919/?cft[0]=AZXiXhpXJFrRe2-O2FZt8BLFP_EjCHpuavTVbvbq0tzfymfk-NOyQCusc-ovlLD331v_GDHWPLP5yY6Yhx2VbKq2RbOAn92T1cyBHaOfpH8GIMdcv3xvVxMhtvZomQGSQb2L4Mlje5SnIDubTe7TPsdC5cX-yKp1R4foILLn_WuzaFNdvJ-eaA8pLFLRncaz17UKavdWJIeS2xI-Z_V9Mdyp&tn=%2CO%2CP-R
https://www.facebook.com/groups/392307828356419/posts/1044614623125733/?cft[0]=AZU0Bs38eocqnb3tJcet_bIaM7Sa6cPbNytW7eM9oM1D7rbVzpF0n37DWd8216teTVbVb6Tfom5WNTId6PHgpfpVa5dEOZ6F1EhxknZr5kbXB5qCppxlmnWkNX9mYtzWjUYH1og0Prrt1ZO8QGVd0xvzeIO41YfvGvggtXKVurRrhwwBpE783uzKl1JVAsM2fvvNoVHx9YSmqY88oxLfhU5Z&tn=%2CO%2CP-R

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button