ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сафарбарсозии гурӯҳии донишҷӯён ба артиш «облава»-ро аз байн мебарад?

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Наздик ба 300 донишҷӯй ва хатмкунанда тайи рӯзҳои охир аз донишгоҳу донишкадаҳо ба хидмати ҳарбӣ гусел шуданд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.

Дар мактуб, ки як нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, гуфта шудааст, барои донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки хоҳиши хидмат дар артишро доранд, супоридани пеш аз муҳлати имтиҳон иҷозат дода шавад.

Зайниддин Насриддинов, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металургии ҶТ дар шаҳри Бӯстон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 42 нафар аз ҷамъи донишҷӯёни ба хидмат сафарбаршуда дастпарварони ҳамин донишкадаанд.

Насриддинов гуфт, онҳое, ки бо ихтиёри худ ба ҳидмат рафтанд, курси чорсолаи донишкадаро хатм намудаанд. Вай илова кард, ки ҳоло имтиҳонсупорӣ ва дифои рисолаи дипломӣ барои хатмкунандагоне, ки мехоҳанд, ба артиш бипайванданд, идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button