Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сафир: Русия ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Моҳи апрели соли 2022 Тоҷикистону Русия марҳалаи 30-солаи барқарории муносибатҳои дипломатиро пас сар карданд.

Русия шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ буда, дар қатори аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли давлатии кишварро эътироф кард.Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон – ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират дар суҳбат бо «ИмрӯзNews» сухан гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирати корӣ ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд ва ҳам барои корфармоёни рус ҷолиб боқӣ мемонад.

«Захираҳои корӣ аз Тоҷикистон то ҳол дар Русия, бахусус дар Сибир ва Шарқи Дур талабот доранд. Дар ин минтақаҳо, пеш аз ҳама кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, намояндагони касбҳои баландихтисос намерасанд»,- зикр кард сафир.

Корҳои муштарак оид ба татбиқи созишномаи моҳи апрели соли 2019 имзошуда идома доранд.

Дар он созишномаҳо оид ба ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия, ташкили маркази омодасозии ҳуҷҷатҳо барои дарёфти муҷаввизи кори Русия дар Тоҷикистонро, чуноне ки аллакай дар Ӯзбекистон анҷом дода шудааст, дар бар мегирад, қайд кард Лякин-Фролов.

Ба гуфтаи вай, як бастаи асноди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷират мунтазири тасвиб аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button