Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Ташдиди ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Эрон

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Муъовини дафтари намояндагии Созмони муҳоҷират дар Афғонистон ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли равон ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Ба гуфтаи вай, дар ин давра ҳудуди 250 ҳазор паноҳҷӯ ба Афғонистон баргаштаанд.Вай афзуд, ки барои аксари ин афрод роҳи расидан ба Эрон хеле душвор будааст.

Тассаруфи ҳукумат аз сӯйи толибон мавҷи муҳоҷирати шаҳрвандонро ба маротиб афзоиш додааст. Гуфта мешавад, ки ҳудуди як миллион нафар ба Эрон рафтаанд. Аксарияти паноҳҷӯён ба таври ғайриқонунӣ дар ҳоле вориди Эрон шудаанд, ки марз баста буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button