Хабарҳо

“ДИССЕРНЕТ” ХОСТОРИ АЗ УНВОНИ ИЛМӢ МАҲРУМ КАРДАНИ ДУ ОЛИМИ ТОҶИК ШУД

Баъди таҳқиқи “Диссернет” дараҷаи илмии як вакили парлумони Тоҷикистон ва як устоди ДДОТ-ро бекор мекунанд. Пойгоҳи таҳқиқотии Диссернет хабар дод, ки танҳо дар моҳи апрели соли 2022 рӯйхати беш аз 20 олимро барои бекор кардани рисолаҳои илмияшон ба шӯроҳои дифои рисолаҳои илмии Русия пешниҳод кардааст, ки дар байни онҳо ду олими тоҷик, Зоир Раҳмонзода, роҳбари собиқи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва вакили ҳозираи парлумон ва Умед Сафаров, устоди Донишгоҳи озмӯзгории Тоҷикистон низ ҳастанд. Пойгоҳ ин рӯйхатро имрӯз, 28 апрел нашр кардааст. “Диссернет” дар шарҳи ин рӯйхат навиштааст, ки онҳо мунтазири ҷаласаҳои шўроҳои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии Русия ҳастанд ва умедворанд, ташхис ба фоидаи онҳо ҳал мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button