Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.Дар ин бора зимни суҳбати телефонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон мувофиқа шудааст.Бино ба гузориши котиботи президенти Тоҷикистон, дар оғози суҳбат раҳбарони ду кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр якдигарро табрик гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намудаастДар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шудааст.»Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд», — омадааст дар хабарнома.

Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣ

Дар поёни суҳбати телефонӣ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Реҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кардааст, ки бо сафарӣ расмӣ ба Тоҷикистон ояд.Дар ин росто, мувофиқа шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button