Хабарҳо

КОРМАНДИ АНДОЗИ ШАҲРИ ВАҲДАТ АЗ ЯК КОРАФТОДА 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи як корманди нозироти андози шаҳри Ваҳдат шуд. Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович бар асоси қисми якуми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор айбдор мешавад. Маркази матбуоти агентӣ рӯзи 3 май дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович чораи қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, аз охирин ба сифати пора маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button