Хабарҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР АРАФАИ ИД БА 7500 НАФАР КУМАК РАСОНДААСТ

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 30 апрел хабар дод, ки дар арафаи Иди саиди фитр аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 7 500 нафар, аз ҷумла 1251 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим кардаанд.Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, аз кумакҳои Рустами Эмомалӣ аз ҷумла дастпарварони мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе, мактаб-интернати махсуси №2, мактаб-интернати ёрирасони №3 ва мактаб-интернатҳои № 4 ва №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди пойтахт, Хонаи кӯдакони синни томактабии №1, Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, мактаби миёнаи махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, кормандони идораҳои роҳи пойтахт, маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманд баҳраманд гардидаанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button