Хабарҳо

БОРОНУ ЖОЛАЮ ШАМОЛҲОИ САХТ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 6 МАЙ ДАВОМ МЕКУНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ обу ҳавои номусоид ҳамроҳ бо боришоти шадид, жола, раъду барқ ва шамолҳои сахт дастикам то 6 майи соли 2022 боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистони тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар ин рӯзҳо вазидани бодҳои тӯфонӣ пешбинӣ шуда, интихор меравад, ки бо дарназардошти боришоти шадид хатари селу тармафароӣ ва сангрез биафзояд. Дар рӯзҳои наздик хатари боло рафтани сатҳи оби дарёҳо, аз об пур шудани обанборҳову кӯлҳо, зери об мондани заминҳо низ боло меравад. Вазъияти аз ҳама сахт ва хатарангез дар рӯзҳои наздик метавонад дар маҷрои дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор фурӯ мерезанд, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёи Вахш, ҳамчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон пеш биояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button