Хабарҳо

НОМАИ АҲМАДИ ИБРОҲИМ БА МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН: БА ЗАНИ ПРЕЗИДЕНТ НАРАС!

Аҳмади Иброҳим, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, номаи саркушодаеро ба Муҳаммадиқболи Садриддин, муассис ва сардибири сомонаи оппозитсионии “Ислоҳ” нашр карда, аз ӯ хостааст, ки дар муборизааш бо роҳбарони кунунии Тоҷикистон аз бархе хаттҳои сурхи ахлоқӣ ва арзишҳои миллию динӣ нагузарад ва аз ҷумла, дар васвасаи зарба задан ба президент ҳамсари ӯ Азизмоҳ Асадуллоева (Раҳмонова)ро мавриди таҳқиру тавҳин қарор надиҳад. Ҳамсари президент, ,ба навиштаи муаллиф, як зани хушсаводу соҳиби ахлоқи ҳамида аст ва сарфи назар аз имконоте, ки ба унвони бонуи аввали кишвар дар ихтиёр дорад, ба масоили сиёсию давлатдорӣ кор надорад.Аҳмади Иброҳим ҳамзамон айни тақозоро аз ҷониби давлат низ кардааст ва аз ҷумла хостааст, то модари блогер Абдураҳмон09ро, ки ба бовари бисёриҳо, барои мавқеи интиқодии писараш нисбат ба ҳукумат ҳабс шудааст, бидуни қайду шарт озод кунанд ва бо ин роҳ ҳатто агар қонуншиканӣ ҳам шавад, обрӯи Тоҷикистонро бихаранд, чунки ҳабси ин модар низ, ба навиштаи Аҳмади Иброҳим, ба обрӯи Тоҷикистон зарба мезанад.Ин номаи Аҳмади Иброҳим дар ҳоле ба дасти чоп расид, ки тайи чанд соли охир ҷавви ҳоким бар фазо ва арсаи муборизаҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳарду ҷониб — чӣ аз сӯи мухолифин ва чӣ аз сӯи ҳукумат – ду гуруҳи маҳдуд, вале тасмимгир муайян мекарданд, ки дар мубориза бо рақибони худ аз ягон чиз – на таҳқиру туҳмат, на ба майдон кашондани пои хешу табори наздики рақибони худ ва ҳатто ҳабсу зиндони онҳо – ҳазар намекарданд ва дар ин арсаву ин майдон дигар тақрибан ягон хатти сурх, ҳадди ақал ягон табуи ахлоқӣ боқӣ намонда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button