Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Зеленский дар посух ба тасмими Маскав: «Украиниҳо зудбовар нестанд»

Кишварҳои ғарбӣ нисбат ба эълони Маскав роҷеъ ба коҳиши фаъолиятҳои низомӣ дар Украина ибрози шакку тардид кардаанд. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, низ ҳушдор дод, ки “украиниҳо содалавҳ (зудбовар) нестанд”, зеро даргириҳо дар атрофи Мариупол ва нуқтаҳои дигар идома дорад.

Истихбороти низомии Бритониё рӯзи 30-юми март эълон кард, ки нерӯҳои русӣ, ки дар майдони ҷанг бо хисороти вазнин рӯбарӯ шуданд, маҷбур шудаанд, барои созмондиҳӣ ва омодагиҳои нав ба кишвари худ ва Беларус баргарданд.

Вазорати дифои Бритониё гуфт, “чунин фаъолиятҳо нишон медиҳад, ки Русия барои ташкил кардани воҳидҳои худ дар минтақаҳои пешрафткардааш дар дохили Украина мушкилот дорад».

Як рӯз пас аз он ки Маскав ва Киев дар аввалин гуфтугӯи рӯ дар рӯ дар беш аз ду ҳафтаи охир пешрафт карданд, ин вазорат гуфт, Русия эҳтимол ҳамлаҳои заминии худро идома диҳад.

Ҳайатҳои ду ҷониб рӯзи 29-уми март дар Истанбул гуфтугӯ карданд. Русия дар Украина бо муқовимати сахт рӯ ба рӯ шуд. Нерӯҳои украинӣ муваффақ шуданд, ки баъзе минтақаҳоро дар атрофи Киев аз нерӯҳои рус бозпас бигиранд.

Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия, дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, тасмим барои коҳиши шадиди фаъолиятҳои низомӣ дар наздикии Киев ва шаҳри Черниҳов дар шимоли Украина ба ҳадафи эътимодсозӣ рӯи даст гирифта шуд.

Артиши Украина айни ҳол аз «ҳадафи гумроҳкунанда»-и ин чархиши Русия ҳушдор дод. Қарор аст, Владимир Зеленский рӯзи 31-уми март тариқи маҷозӣ дар порлумони Австралия суханронӣ кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button