Хабарҳо

АВВАЛИН АЛОМАТИ СУЛҲ БАЙНИ РУСИЯВУ УКРАИНА БАЪДИ ЯК МОҲИ ҶАНГҲОИ ХАРОБИОВАР

Рӯзи 29 март дар шаҳри Истанбули Туркия даври навбатии музокироти Русияву Украина билохира натиҷа овард. Дар пайи ин музокирот, ки 4 соат тӯл кашид, вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки амалиёти ҷангиаш дар самти Киев ва Черниговро ба маротиб коҳиш медиҳад.Владимир Мединский, роҳбари ҳайъати Русия низ гуфт, музокирот дар Истанбул ба сурати соҳанда сурат гирифт ва ҷониби Русия аз ҷониби Украина пешниҳодҳояшро барои баррасӣ пазируфт. “Ин пешниҳодҳо ба зудтарин фурсат баррасӣ шуда, ба президент (Путин) гузориш дода мешаванд ва ба онҳо посухи мутаносиб дода хоҳад шуд”, — гуфт Мединский. Изҳороти вазорати мудофиа дар бораи коҳиши чашмгири миқёси ҳамлаҳо дар самти Киев ва Чернигов, тавре ба назар мерасад, аввалин посухи Русия ба пешниҳодҳои Киев барои бастани қарордоди сулҳ аст.Хабарҳои хуб аз ҷараёни музокироти Русияву Украина алакай ба бозорҳо таъсир расонд ва қурби 1000 рубл дар Тоҷикистон, барои мисол, бори аввал аз замони шурӯи ҷанги Украина то ба ҳадди 151 сомонӣ боло рафт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button