Хабарҳо

ҚУРБИ РАСМИИ ДОЛЛАР ДАР ТОҶИКИСТОН 13 СОМОНӢ ШУД, 1000 РУБЛ – 99,5 СОМОНӢ

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 9 март барои бори аввал дар чанд моҳи охир қурби расмии долларро бознигарӣ карда, қурби расмии пули Амрикоро якбора аз 11 сомонию 30 дирам то ба 13 сомонӣ барои як доллар боло бурд. Тасҳеҳи қурби расмии доллар дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд вақт боз ягон бонк бо қурби қаблии 11 сомонию 30 дирам доллар намефурӯхт, вале дар бозори сиёҳ қурби доллар алакай ҳафтаи гузашта ба 13 сомонӣ баробар шуда буд.Қурби расмии евро, пули муштараки кишварҳои Аврупо низ аз 12 сомонию 35 дирам ба 14 сомонию 19 дирам боло бурда шудааст.Дар айни замон, Бонки миллӣ қурби рубли Русияро ҳам беш аз 9 фоиз боло бурд. Агар ду рӯз пеш қурби 1000 рубл 91 сомониро ташкил медод, рӯзи 9 март қурби 1000 рубл расман 99,5 сомонӣ муқарррар карда шуда, бонкҳо низ ба муштариёнаш ваъда медиҳанд, ки рублҳояшонро дар давру дари 99 то 100 сомонӣ барои 1000 рубл иваз мекунанд. Аммо дар биржа субҳи 9 март барои 1000 рубл ҳамагӣ 87 сомонӣ пешниҳод мекарданд ва баъид нест, агар қурби рубл дар муқобили сомонӣ боз дигарбора рӯ ба коҳиш биорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button