Хабарҳо

Маъмурияти YouTube саҳифаи наттоқи телевизиони Русия Владимир Соловёв ва канали барномаи «Шоми якшанбе»-и ӯро ҳазф кардааст.

Маъмурияти YouTube саҳифаи наттоқи телевизиони Русия Владимир Соловёв ва канали барномаи «Шоми якшанбе»-и ӯро ҳазф кардааст. Соловёв ин тасмимҳоро «эълони ҷанг» номид ва хоҳони баста шудани YouTube дар Русия шуд. Пештар YouTube чанд саҳифаи марбут ба шабакаи Russia Today-ро низ баст. Мудири он Маргарита Симонян дар поёни моҳи феврал ба мисли Владимир Соловёв ба далели эътирофи истиқлоли ба истилоҳ «ҷумҳуриҳои мардумӣ»-и Донетск ва Луҳанск аз тарафи Русия зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button