Хабарҳо

Таҳқиқи навор: ронандаи троллейбус 5-шабонарӯз ҳабс ва аз ҳаққи хизматрасонии мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд (Видео)!

Мутаассифона вақтҳои охир муносибати дағалона ва рафтори ноҷавонмардонаи баъзе аз ронандагон ва пулчик ба истилоҳ кондукторони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нисбати мусофирон ба чашм расида, боиси нигаронӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ ва пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудааст.
  Аз ҷумла, санаи 7-уми марти соли ҷорӣ низ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муносибати дағалонаи як нафар ронандаи тролейбус нисбати пирамарди мусофир инъикос ёфта, шаҳрвандон аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд то нисбати ронандаи дағалрафтор чораҳои қонунӣ андешида шавад.

https://www.youtube.com/embed/bPuyfsWeECg
  Дар натиҷаи баррасӣ ва санҷиши навори мазкур муайян гардид, ки ин шаҳрванд Наҷмиддинов Алишер Гулмуродович санаи таваллудаш 06.08.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Қаротегин, ронандаи КВД «Тролейбус-2» хатсайри №9 мебошад. Зимни пурсиш номбурда аз кардаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, аз кулли шаҳрвандону мусофирон ва махсусан пирамарди дар навор инъикосёфта узохоҳӣ намуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Наҷмиддинов Алишер протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, тибқи Қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯ таъин карда шуд. Ҳамзамон номбурда аз ҳаққи фаъолият ва хизматрасонии воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.
  Дар ин замина аз мусофирон низ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки одоби шаҳрдорӣ ва қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиро риоя намуда, бо амалу рафтори ноҷои худ боиси асабонияти ронандагон, ки дар адои хизмат ба шаҳрвандон қарор доранд, нагарданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button