ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДУ САДАМА: МАРГИ ЯК КӮДАК ДАР ВАҲДАТ ВА РОНАНДАИ ТРАКТОР ДАР ЧОРЧАШМА (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 24 феврал дар ду садамаи марговари алоҳида дар канори шаҳри Ваҳдат ва дар наздикии деҳаи Чорчашмаи ноҳияи Ш.Шоҳин ду нафар: як кӯдаки нӯҳсола ва ронандаи трактор ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба ин манбаъ, 24-уми феврали соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Зиёзода Умедҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ниёзова Омина Шамсуллоевна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Ниёзова О.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тақрибан ҳамзамон, 24-уми феврали соли 2022, тахминан соати 14:00, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-80”, Маҳмадсалими Мирзохон, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат дар наздикии деҳаи Чорчашмаи ноҳияи мазкур бинобар сабаби зиёд будани барф лағжида, ба чуқурии 10 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи трактор Маҳмадсалими М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Дар фасли зимистон хатари садамаҳо дар роҳҳо боз ҳам бештар мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button