ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

Як навраси тоҷик ба Академияи футболи «Реал Мадрид» шомил шуд

Як футболбози навраси тоҷик фаъолияти варзишии худро дар Академияи футболи «Реал» идома медиҳад. Зафар Баҳруллозода ахиран ба Академияи футболи дастаи «Реал Мадрид» воқеъ дар Узбекистон шомил шудааст.

Сомонаи Спорт тҷ, бо нашри ин хабар мегӯяд, Зафар баъди супурдани имтиҳон дар назди муттахассисони испанӣ ба ин муваффақият даст ёфт. Барои ворид шудан ба Академияи «Реал Мадрид» рақобат сахт ва довталаб зиёд будааст. Футболбози навраси тоҷик то ин замон дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Алмосӣ тамрин мекард.

Академияи футболи «Реал Мадрид» соли гузашта дар шаҳри Бекободи Узбекистон таъсис дода шуд. Дар ин Академияи футболбозони наврасу болаёқатро тавассути имтиҳон қабул ва тамрин медиҳад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button