Хабарҳо

ПОЁНИ ЗИНО: МАЪШУҚА ОШИҚАШ АЗ ЧАПАЕВРО КУШТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани як ҷинояти қатли ошиқ аз ҷониби маъшуқааш хабар дод. Ҳам мақтул ва ҳам ҷавонзани қотил оиладор будаанд, вале яке пинҳонӣ аз шавҳару дуюмӣ пинҳонӣ аз зану ду фарзандаш даст ба зино задаанд, ки дар ниҳоят муносибатҳои ғайриахлоқии онҳо бо куштори ошиқ аз дасти маъшуқа ба поён расидааст.Бино ба ин гузориш, соати якуними шаби 15 феврал аз кӯчаи Мири ноҳияи Сино дар бораи як ҷинояти одамкушӣ ба мақомот хабар расидааст.Тафтишот муайян кардааст, ки шаҳрванд Собирова Дилором Садриддиновна, соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Мир, бо вуҷуди онки шавҳар дошт, муддати тӯлоние бо Холов Давлатманд Қурбоналиевич, cоли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Чапаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ муносибатҳои пинҳонӣ доштааст. Бино ба гузориши ВКД, Давлатманд Холов ҳам бо вуҷуди он ки зану ду фарзанд дошт, пинҳонӣ аз онҳо бо Дилором Собирова муносибатҳои маҳрамона барпо карда, дар вақти набудани шавҳараш ба пеши ин зан рафтуомад мекард.Санаи 15 феврал дар вақти мулоқоти навбатии ошиқона байни онҳо муноқиша рух додааст ва Дилором Собирова ба қафаси синаи Давлатманд Холов як зарбаи корд зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. Дилором Собирова гуфт, ки ӯ мехост Давлатмандро битарсонад, вале банохост ӯро ба ҳалокат расондааст.Нисбат ба ин ҷавонзан бар асоси моддаи 104 бо иттиҳоми куштор парванда кушодаанд. Ба ӯ барои куштор бо бераҳмии махсус аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button