ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Поёни ҷанҷоли ду додситон бо нозирони БДА. Яке ҷарима шуд, дигаре – дар ҷустуҷӯ. ВИДЕО

Додгоҳи вилояти Хатлон як нозири БДА-ро бо гуноҳи таҳқири ду додситон ҷарима баста, як нозири дигарро барои ҳозир нашудан ба мурофиа таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Самариддини Бароталӣ ва Маҳмадусмон Ҳафиззода, нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилии Хатлон, ба он муттаҳам мешуданд, ки моҳи ноябри соли гузашта гуё Мирзо Фатҳуллозода ва Султон Саидзода, кормандони Додситониро “ҳангоми иҷрои вазифа” дар роҳи ноҳияи Леваканд (Сарбанди пешин) таҳқир кардаанд. Онҳо ва наздиконашон ин айбро беасос медонанд.

Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Хатлон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм 11-уми феврал эълон шуд. Бар асоси он, Самариддини Бароталӣ беш аз 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, Маҳмадусмон Ҳафиззод, ки дар мурофиаҳо ҳозир нашуд, таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифт.

“Давоми даҳ рӯз ҷонибҳо метавонанд, аз рӯйи ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунанд,” — гуфт ӯ.

Самариддини Бароталӣ, нозири БДА, рӯзи 11-уми феврал эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо гуфт, “бо он комилан розӣ нест.”

“Дар мурофиаи судӣ ягон шоҳид нагуфт, ки ман кормандони прокуратураро ҳақорат кардаам. Ҳеч далел ҳам набуд, вале суд гапи моро ба назар нагирифт ва яктарафа ҳукм кард. Мо ҳоло ҳукмро дастрас накардаем. Ҳукмро гирифтем, ҳатман шикоят мекунем,” – афзуд ӯ.

Парвандаи ду нозир бар асоси банди 1-и моддаи 330-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “таҳқири намояндаи ҳокимият” баррасӣ шудааст, ки аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то як сол “корҳои ислоҳӣ”-ро пешбинӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button