Хабарҳо

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР МАСКАВ ДУ КОРМАНДИ ПУЛИСРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

Канали “Мэш” рӯзи 11 феврал хабар дод, ки ду корманди пулис дар Маскав аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудаанд. Бино ба иттилои нашрия, ҳодиса дар ноҳияи Тсаритсино (Царицыно) дар ҷануби пойтахти Русия рӯй додааст. “Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис аз рафтори зодагон Осиёи Марказӣ шикоят кардаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ду ҷавони масти лояқилро диданд, ки дар майдончаи кӯдакон ба шаробнӯшӣ идома медоданд. Онҳо нишон додани ҳуҷҷатҳои худро рад карда, ҳангоми кӯшиши боздошташон муқовимат нишон додааанд ва кормандони пулисро дашном дода, латтукӯб кардаанд. Онҳо ҳатто тавонистаанд аз дасти як корманди пулис калтак (дубинка)-ашро кашида бигиранд. Дар ин лаҳза корманди дуюми пулис силоҳашро берун кашида, таҳдид кардааст, ки тир мекушояд. Ба кормандони пулис муяссар шудааст, ки Нурлан ном ҷавони 28-солаи зодаи ҷумҳурии ҳамсояро дастгир кунанд, вале шарики ӯ тавонистаст фирор кунад”, — хабар медиҳад “Мэш”.Тафсилоти дигари ҳодиса ва назари зодагони Осиёи Марказӣ ба ин қазия дастрас нест.

https://www.facebook.com/watch/?v=326038879480005

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button