Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ШОМИЛ МУСТАҚИМЗОДА БАЪДИ ДУ ДАФЪАИ ФИРОРАШ АЗ ДАСТИ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН

Хабаргузории русии Интерфакс  бо такя ба маркази матбуоти ВКД Русия аз боздошти як нафари муттаҳам ба ифротгароӣ, ки қаблан тавонистааст ду дафъа аз дасти мақомоти Тоҷикистон фирор кунад, хабар дод.

“Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар хиёбони Новое Ясенево нафаре дастгир шуд, ки барои содир кардани ҷиноятҳо дар қаламрави Тоҷиктстон ва Русия дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди ӯ дар дасти баррасист”, –  гуфтаанд ба журналистон дар ВКД Русия.Бино ба иттилои ин ниҳод, ин нафар, ки дар Тоҷикистон ба “паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва тарғиби дигарон ба фаъолиятҳои ифротӣ”  айбдор мешуд, моҳи январи соли 2020 ҳангоми боздошташ ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолона муқовимат нишон дода, як афсари амниятро сахт маҷруҳ кардааст ва тавонистааст фирор кунад. Ба дунбол, Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ӯро бар асоси моддаҳои 237, 238 ва 307.1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Бори дуюм, хабар медиҳад Интерфакс, ин мард моҳи марти соли 2021 ба консулгарии Тоҷикистон дар Маскав барои гирифтани шиносномаи нав ба ҷои ҳуҷҷатҳои гумкардааш муроҷиат кардааст.  Кормандони консулгарӣ номи ӯро дар рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯ дида, кӯшиш мекунанд, ки дар ҳудуди сафорат дастгираш кунанд, вале вай  як корманди сафоратро ба сараш зарба зада, ин дафъа ҳам фирор кардааст. Дар робита ба ин қазия ба зидди ӯ мақомоти Русия бар асоси қисми дуюми моддаи 215 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қасдан расондани осеби сабук ба саломатӣ парванда кушодаанд.

ВКД Русия исми марди дастгиршударо нашр накардаст, вале ба эҳтимоли ғолиб ӯ  Мустақимзода Шамил (Шомил) Саидмуродович, санаи таваллудаш 8 сентябри соли 1993, зодаи деҳаи Розиёни ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст. Маҳз Шамил Мустақимзода 29 марти соли 2021, соати 11, дар ҳудуди сафорати Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранитний переулок дар маркази Маскав бюо кормандони сафорат занозанӣ карда буд. Ин дар рӯзҳое буд, ки тарафдорони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон дар пайи зӯран ба Тоҷикистон бурдани ӯ ҳар рӯз дар назди сафорат тазоҳуроти эътирозӣ барпо мекарданд. Яке аз тазоҳургарон лаҳзаи занозаниро сабт ва дар Интернет нашр карда буд.

Шамил Мустақимзода он вақт ба мардуми дар назди сафорат ҷамъомада гуфт, ки гӯё кормандони консулгарӣ аз вай талаб кардаанд, ки ришашро битарошад ва ӯ аз қаҳр якеашро задааст.

Вале кормандони сафорат гуфтанд, ки Мустақимзода бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва ба болои ин бо корд ба як посбони сафорат ҳамла кардааст. Посбон тавонистааст, ки аз дами теғ худро раҳо кунад, вале ҷароҳати сабук бардоштааст.

Он рӯз Шамил Мустақимзода кормандони пулиси Маскав дастгир карда, ба шуъбаи пулиси ноҳияи Пресня бурданд, вале баъди чанде озодаш карданд.

Ба гуфтаи хешовандонаш, хонаводаи Мустақимзода дар Душанбе дар як шароити сахт дар манзили иҷора ба сар мебаранд ва Шамилу падараш Саимурод Ғиёсов соли 2020 барои беҳтар кардани шароити зиндагиашон ба Русия ба мардикорӣ рафта буданд.

Номи Шамил Мустақимзода аз он пеш ҳамагӣ як дафъа ба навори хабарҳои криминалӣ афтода буд.  Милитсияи шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2019 аксҳои чанд ҷавони дар ҷараёни амалиёти “Корд” дар пойтахт бо силоҳи сард дастгиршударо нашр кард, ки дар байнашон ин зодаи ноҳияи Данғара ҳам бурд. Кормандони милитсия аз вай як корди калон гирифта буданд. Он акс иттифоқан ягона акси Шамил Мустақимзода аст, ки дар дастрас қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button