Хабарҳо
Trending

Ҷӯрабек Муродов: Дамирбек фарзандам буд

Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, ҳофизи марҳум Дамирбек Олимовро падарвор дӯст медошт

ДУШАНБЕ, Sputnik. Овозхони шинохтаи тоҷик, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов даргузашти нобаҳангоми ҳофизи ҷавон ва шинохта Дамирбек Олимовро фоҷеаи ҳунар медонад.Вай меафзояд, даргузашти шогирдаш барояш чунон нобаҳангом буд, ки то ҳол бовар намекунад.“Баъди даргузашти Ӯрунбек Ҳамдамов ҳоло ба худ наомада будам. Ҳодиса барои санъати Тоҷикистон як фоҷеаи бузург аст”, — гуфт ҳунарманд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.Муродов қайд мекунад, Дамирбек Олимовро на танҳо ҳамчун шогирд, балки чун фарзанд қабул кард ва баробари чаҳор писараш медонист.

Дамирбек баъди хатми донишгоҳ ба назди Ҷӯрбек Муродов рафт. Аввал дар барномаҳои ҳунарии устодаш навозандагӣ мекард, сипас тарона ҳам мехонд.“Ёд дорам дар консертам дар Душанбе, соли 2010 “Маънии зиндагӣ” нахустин сурудашро иҷро кард. Пайроҳаи ҳунариаш аз ҳамон ҷо оғоз шуд. Аввал бисёртар шашмақом мехонд, сипас ба эстрада гузашт”, — нақл кард вай.Устоди ҳунар мегӯяд, Дамирбек байни ҳунармандон бо хоксорӣ ва самимияти хосаш фарқ мекард.“Муҳите, ки ӯро тарбия кард, муҳити хуб буд. Падараш, ҳунарманди тавоно бо модараш хело хуб ӯро тарбия карда буданд. Сипас ба даргоҳи ман омад. Ӯ на танҳо инсони хоксору самимӣ, балки овозхони боистеъдод, фитрӣ ва олиҷаноб буд”, — меафзояд ӯ.Дамирбекро устодаш ҳамчун шогирде тавсиф мекунад, ки тамоми нисиҳати мураббиро қабул ва иҷро мекард: “Ӯ бисёр марди оилапарвар буд. Оилаашро дӯст медошт, фарзандонашро ва ҳамсарашро дӯст медошт. Падару модарашро бениҳоят эҳтиром мекард”.Дамирбек дар эстрада низ байни ҳофизон фарқкунанда буд: матни таронаҳояш сабук набуданд.“Ман дар консертҳоям доим бо устодони сухан чун Турсунзодаву Раҳимзодаву Лоиқ ва Озарахшу Фарзона маслиҳат мекардам. Ба Дамирбек низ тавсия кардам, ки матни пастро нахонад. Ҳатман аз назди ин бузургон гузарад ва ӯ ин гуфтаҳои маро иҷро мекард: матни таронаҳояш суфтаву олӣ буданд”,- қайд мекунад ҳунарманди шинохта.

Ба қавли ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Олимов нақшаҳои бузург дошт — ба барномаҳову таронаҳои нав омодагӣ медид.Ҷӯрабек Муродов афсӯс мехӯрад, ки марг Дамирбек Олимовро дар қатори нобиғаҳои бузург мисли Аҳмад Зоҳир, Кароматулло Қурбонов дар синни 33-солагӣ дар айни камолот ва ҷавонӣ бо худ бурд, агар не, ӯ солҳо хизмати мардумро мекарду ҳунару санъати Тоҷикистонро ғанитар мегардонид.Ёдрас мешавем, Дамирбек Олимов, ҳофизу ҷавону шинохтаи тоҷик шаби 4 ба 5 феврал дар пайи як садамаи мудҳиш дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид.Маросими видоъ бо марҳум шоми 5 феврал, соати 16:00 дар зодгоҳаш ноҳияи Ғончӣ баргузор мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button