Хабарҳо

Моҳонаи футболбозони тоҷики тими “Персполис”-и Эрон ошкор шуд

Маблағи қарордоди бозикунони тоҷик дар тими Персполи мушаххас шуд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров ду бозикуни тоҷикистонӣ буд, ки аз мобайни нимаи фасли аввал ба тими “Персполис” омаданд ва баъд аз мушкилоте, ки дар судури муҷаввизи бозии ин ду ба вуҷуд омада буд, дар ниҳоят тавонистанд муқобили тими “Зубоҳан”аввали бозии худро анҷом диҳанд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.тибқи иттилои манбаъ бар хилофи бисёре аз бозикунони хориҷӣ, ки ба футболи Эрон омаданд, ин ду бозигар қарордоди поинтар доранд ва бошгоҳи Персполис рақами нисбатан маъқул барои ҷазби онҳо таъин карда аст.Маҷидӣ Садро мудир омили собиқи бошгоҳи “Персполис”, ки худаш бо ин ду бозикуни тоҷикӣ қарордод баст, ҳар кадоме аз онҳо бо қарордоди ба арзиши 110 ҳазор доллар ба “Персполис” омаданд17:35345Таъкид шудааст, ки ва қарордоди ин ду бозигари тоҷик барои се сол бо ин тим баста шудааст.Ёдовар мешавем, ки Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ҳар ду вориди тими миллии футболи кишвар буда, қаблан дар бошгоҳи «Истиқлол» бозӣ мекарданд.Ин ҷавонон аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button