Хабарҳо

Абдурозиқ, блогер ва овозхони 18-солаи тоҷик, ки бо симои кӯдакона машҳур шудааст, порае аз як клипи Нора Фотеҳӣ ва Гуру Рандҳаваро нашр кардааст

Абдурозиқ, блогер ва овозхони 18-солаи тоҷик, ки бо симои кӯдакона машҳур шудааст, порае аз як клипи Нора Фотеҳӣ ва Гуру Рандҳаваро нашр кардааст, ки ӯ дар он ҳунарнамоӣ мекунад.Нора Фотеҳӣ ва Гуру Рандҳава, аз ҳунармандони маъруфи Ҳиндустон ҳастанд. Клипи ин ду ҳунарманд моҳе пеш нашр шуд, ки то ҳол онро беш аз 135 миллион бор тамошо кардаанд.Сомонаи «Сиёсат» навиштааст, ки Абдурозиқ шухиомез ин видеоро таҳрир кардааст ва худашро дар клипи ин ду сароянда ҷой додааст. Дар асл дар ин клип худи ӯ ҳузур надорад, балки тариқи барномаҳои компютерӣ худро дар он ҷо кардааст.Ин клип дар Гоа, минтақаи сайёҳии маъруф дар Ҳиндустон, сабт шудааст.Абдурозиқ, ки дар зодгоҳаш Панҷакент сурудхонӣ мекард, аз ҷониби блогер, Беҳрӯз Набиев (“Барон”) ба Душанбе оварда шуд ва маъруф шуд.Исми Абдурозиқ берун аз Тоҷикистон замоне расонаӣ шуд, ки мавзуи муштзании ӯ ва Ҳасбуллоҳ, блогери доғистонӣ матраҳ шуд.Абудрозиқ чанде пеш дар консерте дар Дубай бо А.Р. Раҳман, композитори маъруфи ҷаҳон пайдо шуд ва ҳамроҳ суруд хонданд. Пас аз ин расонаҳои ҳиндӣ аз ӯ мусоҳиба гирифтанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button