Нуқтаи назарТаърих

ТАЪСИСИ ҶУНБИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКОНИ ПОКИСТОН

Тоҷикони муқими водии Своти Покистон созмонеро бо номи «Ташкилоти Мардумии Свот» ва як саҳифаи вижаи Фейсбук бо номи «Ҷунбиши қавмии Тоҷик»-ро таъсис додаанд, то аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд ва ҳаққи навиштани шаҳрвандии худро дар асноди расмии тоҷикӣ пайдо кунанд. Онҳо мегӯянд, тоҷик ҳастанд, аммо дар ҳуҷҷатҳо онхоро паштун менависанд.Тоҷикон куҳантарин қавми Покистон ҳастанд ки аксари онҳо дар водии Свот ба сар мебаранд ва худро Свотӣ ё Тоҷик меноманд. Ҳамагӣ 64 километр дуртар аз Исломобод, пойтахти Покистон, ҳатто шаҳре бо номи «Тоҷак» ҷойгир шудааст.Нур Ҳабиб Свотӣ, роҳбари мардумии Свот, шумори тоҷикон дар ин кишварро 800 ҳазор нафар медонад, аммо бархе манобеъи дастаҷамъӣ шумори тоҷикони муқими Покистонро аз се то чаҳор миллион нафар медонанд. Расман, аксарияти кулли тоҷикони Покистон дар асноди оморӣ ва шаҳодатномаҳои ҷаримаи паштунҳо сабти ном шудаанд. Дар водиҳои Гоҷал, Ишқумон ва Ёсин дар минтақаи Гилгит-Балучистони шимолӣ Покистон ва ҳамчунин минтақаи Читрал макони муҳимми тоҷикони помирии маъруф ба мардуми Вахӣ ҳастанд, ки бо забони вахӣ гап мезананд.Аксари тоҷикони Покистон забони худро фаромӯш кардаанд ва бо паштуву урду ҳарф мезананд, ҳарчанд дар чанд соли ахир талошҳо барои омӯзиши забони форсӣ ба ин мардум сурат гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button