СиёсатЧеҳраҳо

КУМАКҲОИ СОЛИНАВИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 11 ҲАЗОP ЯТИМ ВА ШАХСОНИ НИЁЗМАНД

Bobozoda Asomiddin бо нашри даҳҳо акс дар гуруҳи фейсбукии САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ хабар дод, ки аз номи раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим кардаанд. Дар иттилоия гуфта мешавад, ки ин кумакҳо , аз ҷумла ба ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт расонда шудаанд.Дар аксҳо аз ҷараёни маросими тақдими туҳфаҳои солинавӣ соҳибкори шинохта Ҳоҷӣ Маҳмуд Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ки бо дасти хайраш ном баровардааст, низ дида мешавад. Дар аксҳо дида мешавад, ки мақомоти Душанбе барои кӯдакон дастурхони солинавӣ низ ороста, ба онҳо либоси гарми зимистона ва ҳамчунин бастаҳои туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд.Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 34 сол дошта, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 5 сол боз бар пойтахти Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Рустами Эмомалӣ соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва қонунан мақоми раҳбари дуюми кишварро ба даст овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button