МУҲОҶИРОН

ТОҶИРИ ТОҶИК ФИРДАВС НАИМОВ ДАР РУСИЯ ШАХСИ АЗ ҲАМА ДАСТБАХАЙРИ СОЛИ 2021 ЭЪЛОН ШУД

Созмони «Тонг жаҳонӣ» (“Дунёи забонҳо”), ки ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия машғул аст, ҷоизаи солонааш “Беҳтарин шахси дастбахайри соли 2021″-ро ба Фирдавс Наимов, як соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Маскав тақдим кард. Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ин ҷоизаро ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Муҳаммад Собиров супурданд.Як намояндаи созмони “Тонг жаҳонӣ” ҳангоми супурдани ҷоизаи дастабахайри сол гуфт, худаш зодаи Ӯзбекистон аст, вале ба тоҷикҳо ҳасад мебарад, чунки онҳо нафаре ба мисли Фирдавс Наимовро доранд, ки “ӯро ба кори хайр даъват кардан аслан зарурат надорад, худаш ҳамеша ба анҷоми корҳои хайр ҳозир аст ва ҳамеша худаш дасти кумакашро пешниҳод мекунад.”Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассис ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ин ширкат ба кашонидани бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст.Фирдавс Наимовро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад. Вале ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, Фирдавс Наимов байни мардуми ниёзманд фарқ намегузорад ва нафақат ба ҳамватанони худаш – муҳоҷирон аз Тоҷикистон кумак мерасонад, балки ба ҳар нафаре, ки бо умеди дастгирӣ дарашро мекӯбад, дасти ёрии худро дареғ намедорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button