ТОҶИКИСТОН

Супориши Раҳмон ба Мирзонабот: Ҷавонони ВМКБ-ро бо кор таъмин кунед (Видео)

Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ахири худ аз супориши Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани ҷавонони бешуғли ВМКБ бо ҷойи кор гуфт

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ахири худ аз сатҳи болои бекорӣ миёни ҷавонони ин вилоят изҳори нигаронӣ намуд.Мирзонабот зикр намуд, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати меҳнат дар маркази вилоят ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил мешавад ва ҷавонони бешуғл метавонанд аз ин имконият истифода бурда, соҳиби ҷойи кор шаванд.https://www.youtube.com/embed/4cZ_xlJmROQДар идома иҷрокунандаи раиси вилоят дар робита ба ҳаводиси ахир гуфт, набояд ба навиштаҳои аксари манфиатҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар кард.

«Шахси солимфикр набояд ба ин гуна суханони дурӯғ бовар кунад», — изҳор доштааст ӯ.Иҷрокунандаи раиси вилоят аз масъулин даъват намуд, ки бо ҷавонони вилоят бештар суҳбату вохӯриҳо баргузор кунанд.Вазъият дар ВМКБ пас қатли сокини ноҳияи Шоҳдара Гулбиддин Зиёбеков ноамн шуд.Тибқи додаҳои додситонии ин вилоят, Зиёбеков дар пайгард қарор дошт ва барои нишон додани муқобилият ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ паронда шуд. Аммо сокинони вилоят ин иддаоро қатъиян рад мекунанд ва бар инанд, ки марҳум ҷинояткор набуд ва барои ҳимоя аз номуси ҳамдеҳаи худ садо баланд карду муовини прокурорро барои рафтори номатлубаш танбеҳ дод.

Зимнан пас аз қатли Зиёбеков ва фавти се нафари дигар аз тири кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ теъдоди зиёди одамон даст ба эътироз заданд. Ин гирдиҳамоиҳо берун аз шаҳри Хоруғ, дар чанд шаҳри Русия ва Аврупову Амрико низ доман паҳн карданд.Ҳоло вазъият дар ВМКБ ором буда, мардум аз пайи кору зиндагии худ мебошанд.Гуфта мешавад, ин ҳодисаро мақомот бо 44 нафар аз фаъолони ВМКБ таҳқиқ доранд, вале то ҳол аз ҷузъияти ин тафтиш иттилое дар даст нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button