Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дарёфту мусодираи 10 кило афюн дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб як сокини наҳияи Шамсиддин Шоҳин барои интиқол ва харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сокини деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои интиқол ва харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори махсусан калон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳангоми як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, зимни кофтукови шахсӣ аз дохили воситаи нақлиёти шахси боздоштшуда, ки маводи нашъаоварро интиқол медод, як адад халтаи полиэтиленӣ бо навиштаҷоти “Тангем” иборат аз 10 адад бастаи афюн дарёфт шуд.

“Маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи афюн буда, вазни холиси онҳо 9 кг 855 граммро ташкил дод”,- қайд кардааст манбаъ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button