ТОҶИКИСТОН

Расонаҳо: Толибон ду посгоҳи марзии Эронро гирифтанд, аммо Теҳрон рад мекунад

Толибон ду гузаргоҳи марзиии Эрон “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои Сиёҳчашмон”-ро таҳти контроли худ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Тибқи иттилои “Aamaj News”, даргириҳо дар марзи Эрону Афғонистон шиддат гирифтаанд.Гуфта мешавад, ҳамлагарон ба хоки Эрон нерӯҳои толибон мебошанд. Толибон ба минтақаи Канги вилояти Нимрӯз, дар марзи Эрон худравҳои зиреҳпӯши “Ҳамви” интиқол доданд.https://t.me/aamajnews24/10784?embed=1Таъкид шудааст, мардуми маҳаллӣ ҷои даргириро тарк кардаанд.Таъкид мешавад, ки даргирӣ дар ҳоли ҳозир ҷараён дорад. То кунун толибон ва мақомоти Эрон дар ин хусус изҳори назар накардаанд.https://t.me/aamajnews24/10783?embed=1Ин ҳама аҷиб аст ва саволҳои зиёдеро ба миён меорад, зеро “Aamaj News” ягона расонаест, ки дар ин бора хабар додааст. Аммо қаблан пахши хабарҳои дуруғ дар ин расона мушоҳида нашуда буд.“Aamaj News” бар такия ба манобеи худ менависад, ки ба дунболи шиддати даргирии миёни толибон ва марзбонони эронӣ посгоҳҳои “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои сиёҳчашмон”, ҳаммарз бо вулусволии Канги вилояти Нимрӯз ба тассаруфи нерӯҳои толибон даромадааст.https://platform.twitter.com/embed/Tweet.html?dnt=false&embedId=twitter-widget-0&features=eyJ0ZndfZXhwZXJpbWVudHNfY29va2llX2V4cGlyYXRpb24iOnsiYnVja2V0IjoxMjA5NjAwLCJ2ZXJzaW9uIjpudWxsfSwidGZ3X2hvcml6b25fdHdlZXRfZW1iZWRfOTU1NSI6eyJidWNrZXQiOiJodGUiLCJ2ZXJzaW9uIjpudWxsfSwidGZ3X3NwYWNlX2NhcmQiOnsiYnVja2V0Ijoib2ZmIiwidmVyc2lvbiI6bnVsbH19&frame=false&hideCard=false&hideThread=false&id=1466053375653560336&lang=en&origin=https%3A%2F%2Fsputnik-tj.com%2F20211201%2Frasonaho-tolibon-posgohi-marzii-eronro-tahti-nazorat-1043878683.html&sessionId=f53f9be6548199b3a02b76ea914aa57e0ed1ab5a&theme=light&widgetsVersion=f001879%3A1634581029404&width=550pxДар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворе ҳам аз минтақаи даргирӣ нашр шудааст.Тибқи иттилои «Tasnim» даргириҳо дар наздикии шаҳри бузурги Зобул сурат гирифтаанд. Даргириҳо аз сӯйитафоҳуми ду ҷониб сар задаанд.»Чансад метр дуртар аз хатти марз, дар ҳудуди Эрон девори ҳимоятие барои пешгирӣ аз амали қочоқбарон қомат афрохтааст. Имрӯз кишоварзони эронӣ аз он тарафи девор гузашта, дар ҳоле ки дар марзи Эрон буданд, толибон фикр карданд, ки марзшиканӣ шудааст ва болои онҳо шилик намуданд. Дар чунин ҳол марзбонони эронӣ посух доданд», менависад «Tasnim».Дар ҳоли ҳозир задухӯрд хотима ёфтааст. Тарафҳо дар тамосанд ва ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин «Tasnim» хабар додааст, ки ҳич посгоҳи эроние ғасб нашудааст.Пештар Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон гуфта буд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button