ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Даҳшат: Дар Тоҷикистон ҷавони 19 — сола падарашро бо як бераҳмӣ қатл кард

Ин ҳодисаи даҳшатбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст ва нисбати ҷавон тибқи моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояти одамкушӣ рух додааст. Кормандони ВУД хабар медиҳанд, ки марди 47 -сола бо як бераҳмии махсус аз ҷониби писари худ, ҷавони 19 -сола кушта шудааст.Манбаъ меафзояд, ҷиноят дар манзили истиқоматии ин хонавода рух дод ва сабабашро кормандони ин ниҳод, муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намуданд.Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса зикр нашудааст, танҳо қайд гардидааст, ки писари 19 -сола дар заминаи муноқишаи ба миён омада бо корд 7 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими падарашро зарба расонда, ӯро аз ҳаёт маҳрум кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button