Нуқтаи назар

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК РАИСИ ҶАМОАТ БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи Саъдулло Ҳасанзода, раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвонро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ, барои баррасӣ ба додгоҳ супурдаанд. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, “Ҳасанзода Саъдулло Ҳасан, дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон кор ва фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0.029 га дар маҷмуъ 26 000 сомонӣ талаб намуда, гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.Ба раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Норин барои қаллобӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда =60 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5 доллар) ва ё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба Саъдулло Ҳасанзода ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.Вале таҷрибаи судӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button