ТОҶИКИСТОН

Карим Раҳим дар бораи қаллобии М.Садриддин (Видео)

Қаллобии таърихии як бешарафҚалоби касбӣ ва бешарафи гузаро Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаи ифротии худ “ислоҳ.нет” матолиби дурӯғин ва беасосро пайваста мунташир мекунад. Ахиран ин қаллоби мардумфиреб хостааст, ки таърихро таҳриф карда, хонандаи худро ба гумроҳӣ барад. Бо ин мақсад мақолае зери номи “Меъмори сулҳи тоҷикон кадомин…” мунташир карда, кушиш кардааст, то хиёнаткоронро қаҳрамон созад ва қаҳрамонҳои миллати тоҷикро паст занад. Аммо чун ҳамеша ин тираш ҳам хок хурдааст, чунки ҳеҷ сухани дурусте дар ин мақола дида намешавад.Ин қаллоби бешараф пеш аз ҳама вазъияти даврони пеш аз сулҳро ба таври нодуруст тасвир карда, кушиш кардааст, ки мавқеи пасти саркардагони ташаккулаи наҳзатиро дар он замон болотар нишон диҳад. Дар ин кушиши худ аз ҳамон аввал душмани мардуми тоҷик буданашро худ тасдиқ кардааст. Бо истифодаи ибораи “режими Душанбе” бори дигар нишон дод, ки ин бешараф ва хоҷагонаш аз ҷумлаи саркардагони ташаккулаи наҳзатӣ худро куллан аз Тоҷикистон дур эҳсос карда, ҳеҷ як муҳаббате ба ин кишвар надоранд. Ин дар ҳолест, ки инсон метавонад ҳатто давлатҳои дигарро ҳам барои вижагиҳои он дӯст доранд. Аммо ифротиҳои мағзшустаи наҳзатӣ ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ватандӯстиро гунаҳ мешуморанд.Ва аммо вазъияти тангу беномусонае, ки саркардагони гуруҳи террористии наҳзатӣ дар давраи пеш аз имзои сулҳ доштанд ба ҳамагон маълум аст. Агар хирадмандии раҳбарони мардумии кишвари мо дар он замон намебуд, ин гуруҳи бешараф бо аҳли хонаводаҳои худ баъди чанд моҳи дигар аз ҷониби гуруҳҳои дигари террористӣ дар Афғонистон кушта мешуд. Вазъияти хукумати даври ин кишвари ҳамсоя хеле вазнин буд ва наҳзатиёни бешараф дигар ҷойи пой ёфта наметавонистанд. Агар ҳукумати мардумии Тоҷикистон мехост чанд моҳи дигар тоқат мекард ва фоҷеа азим ба сари ҳама аъзои ташаккулаи наҳзатӣ меомад. Вале ин ҳукумати мардумӣ натавонист фарзандони бегуноҳи ин хиёнаткоронро ба дасти душмани башарият супорида нобуд кунад. Яъне масъулият ва номуси ҳукумати вақти Тоҷикистон дар баробари фарзандони наҳзатиёни бегонапараст ба маротиб баландтар аз худи онҳо будааст. Метавон гуфт, ки ҷони аҳли оилаи қаллоби мазкур Муҳаммадиқболи Садриддинро ҳам маҳз ҳукумати мардумии Тоҷикистон аз чанголи маргу хорӣ наҷот додааст. Имрӯз ин бешараф ба намакдон туф карда наҷотдиҳандаи худро бо таҳқир “режими Душанбе” меномад. Кори ин қаллоб айнан ба рафтори ҳамон море, ки аз оташ наҷот дода шуда буд ва мехост наҷотдиҳандаи худро неш занад, монанд аст.Баъдан ин қаллоби гузаро мехоҳад хонандаи худро гумроҳ карда дар мағзи вай маълумоти таҳрифшударо оиди сулҳи беназири тоҷикон ворид созад. Иддао дорад, ки ҳукумати мардумии вақт намехост бо наҳзатиёни даст то оринҷ дар худ сулҳу созиш кунад, аммо саркардагони ташаккулаи наҳзатӣ инро мехостанд. Ҳатто бешармона иддао мекунад, ки саркардаи вақти наҳзатӣ аз ҳамон соли 1993 сулҳ мехост. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки агар сулҳ мехост пас чаро ҷангро оғоз кард? Ҷавоб аниқ аст. Пеш аз ҳама ин гуруҳи хоин ҳамеша ҷанг мехост ва ин беҳунарон танҳо дар шароити ҷангу фоҷеа метавонанд қудрат дошта бошанд. Баъдан ҳадафи хоҷагони манфиатҷӯи хориҷии ин гуруҳи ифротӣ сулҳу оромии кишвари мо набуд ва ҳоло ҳам нест. Дар ҷунин шароит танҳо бешарафе ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки метавонад чунин идаоҳои бешармонаро кунад. Маврид ба зикр аст, ки ҳеҷ ҷомеае ва ҳеҷ ҳукумати мардумие, намехоҳад бо терористон сулҳ кунад. Махсусан террористоне, ки мардумкушӣ карда, ба истилоҳ “дастонашон то оринҷ дар хун”-и аъзои он ҷомеа бошанд. Ҳоло агар мантиқан андеша кунем, дармеёбем, ки ҳукумати мардумии он даврон ҳам шояд намехостааст, ки бо саркардагони террористони наҳзатӣ сари мизи музокирот нишаста, сулҳ бандад. Вале ҷони муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар, ки бо найранги наҳзатӣ кишварро тарк карда баданд ва ҳатто ҷони аҳли оилаи аъзои ин гуруҳи террористӣ барои он ҳукумат арзиш дошт ва маҳз бо ҳамин сабаб ҳукумати мардумии мо террористонро бахшида сари вақт ба мардум сулҳ овард. Ин хизмати давлатмардони моро таърих фаромӯш нахоҳад кард. Кушишҳои қаллобоне, ки дар назди ин мардум обурӯи худро аз даст додаанд ҳеҷ гоҳ наметавонанд ин воқеиятҳои таърихиро иваз кунанд.Хулоса, ин мақолаи қаллоби гузаро Муҳаммаадиқболи бешараф ҳеҷ таъсире ба ҷомеаи мо надорад. Ҳамаи он кинаварзӣ ва туҳматзаниҳои ин бешараф нисбати давлатмардони мо бенатиҷа анҷом меёбанд. Умедворем ин ҳама кушишҳои “барангехтани кинаву адовати динӣ ва маҳалӣ” дар матолиби ин бешарафро мақомоти марбутаи Аврупо мебинанд ва сари роҳи ҷиноёти ин қаллобро мегиранд.Хуршеди Муродмуҳаққиқ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button