Фарҳанг

Далери Имомалӣ кӣ аст: як каси ҳамеша норозӣ (Видео)?

РӮЗНОМАНИГОРИ ТИҲИМАҒЗ –ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢДалери Имомалӣ аз зумраи он рӯзноманигорони тиҳимағз ва сустирода мебошад, ки ба касалии ифротгароӣ гирифор шудаву мардумро аъмоли бадаш нигарон намудааст.Бояд зикр намуд, ки Далери мағзшуста вақтҳои охир муқобили сиёсат, мазҳаб ва фарҳангу манъанавиёт баромада, ҷонибдори ҳеҷ гуна пешравӣ ва маърифату саодат нест. Пӯшида нест, ки ин қабил қувваҳо ҷомеаро фалаҷ карда ба вартаи ҳалокат оварда, эҳсоси пушаймонӣ ва ноумедӣ намекунанд. Далери Имомалӣ аз ҷумлаи он ҷавонони гумроҳгаштае аст, ки бо наворҳои иғвоангезона сиёсати имрӯзаи кишварро нодурӯст баҳогузорӣ намуда бо ҳамин васила ба ҷомеа халал ворид месозад. Чанде қабл дар робита ба қувваи барқ тариқи сомонаи иҷтимоиии Ютуб навореро пахш кард ва танқид аз мақомоту масъули ин соҳаро мақсади навори худ қарор дод.Ин нохалаф агар дар донишгоҳ хуб мехонд, чунин масъалагузорӣ намекард. Зеро агар ба статистик назар афканем, баъди инстиқололият бадастовардан аҳолии кишвар 4 миллионро дар бар мегирифт. Имрӯз бошад теъдоди аҳолӣ зиёда аз 9 миллионро дар бар мегирад. Инчунин дар баробари саноатикунонии кишвар талабот ба нерӯи барқ зиёд шуда истодааст. Эъне бештари корро таҷҳизотҳои барқӣ ба анҷом мерасонанд. Омили дигаре, ки боиси маҳдуд гардидани қувваи барқ шудааст, ин тағирёбии иқлим мебошад.Хуб мешуд, ки Далери фурӯхташуда чунин омилҳоро пеши назар меоварду баъдан ба иғвоангезӣ шурӯъ менамуд. Хуб мешуд, ки ин ношукур аз истиқлолияти энергетикии кишвр ҳарф мезад. Тааҷубовар он аст, ки душман пешравию заҳматро намебинад. Чашми душман ҳамеша сӯйи камбуди кушода аст.Хулоса, агар хоҳем, аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар вақти сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ зарурият пайдо нашавад, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ҳеҷ гоҳ ба исрофкорӣ ва суханҳои пӯчу беасоси Далери Имомалӣ роҳ надиҳем.узви ҷомеаи шаҳрвандӣ Ҷамшед Бадалов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button