ТОҶИКИСТОН

Кормандони милитсия ба назди аҳолӣ рафта, арзу шикояташонро мешунаванд

Ҳафтаи сипаригардида ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия дар микроавтобуси махсуси хизматӣ «Газел-Некст», рақами қайди давлатиаш 178 UD 01, ба шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Гулистон сафар намуд. Деҳаи Гулистон соли 1962 ташкил шуда, наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масофаи 2,5 километр қарор дошта, аз маркази шаҳри Ҳисор дар масофаи 54 километр дурӣ ҷойгир мебошад.
Деҳаи мазкур аз 141 хоҷагӣ иборат буда, аҳолии он 905 нафар шаҳрвандонро ташкил медиҳад. Аҳолии деҳаро шаҳрвандони ӯзбекзабон ташкил дода, зиндагии хешро асосан аз ҳисоби чорводорӣ ва кишоварзӣ пеш мебаранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар деҳаи мазкур як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 238 хонанда, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 3 мағозаи хӯрокворӣ фаъолият мекунанд, ки нозири минтақавии милитсияи Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Ҳисор подполковники милитсия Ғафурзода Диловар дар он адои вазифа менамояд.
Дар деҳаи Гулистон аз тарафи кормандони мақомоти милитсия нисбати шаҳрвандони деҳа, ягон ҷиноят ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Вохӯрии ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия бо 55 нафар сокинони деҳа дар толори МТМУ № 46-и деҳаи номбурда баргузор гардид.
Сараввал аз тарафи роҳбари Нуқтаи сайёр, сардори шуъбаи РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Холмуродзода Дилшод Холмурод ҳайати гурӯҳи мазкур муаррифӣ карда шуда, оид ба моҳият ва ҳадафҳои асосии хизматрасонии Нуқтаи сайёри милитсия фаҳмонида дода шуд. Сипас ба саҳми иштироккунандагон телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) ва ШВКД ва нозири минтақавии милитсияро расонида, ҷаласаи сайёрро аз рӯи ҳисоботи нозири минтақавии милитсия оғоз намуд.
Ҳисоботи нозири минтақавии милитсия подполковники милитсия Ғафурзода Диловар оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ва дигар масъалаҳои самтӣ аз тарафи иштирокчиён шунида шуда, қаноатмандона қабул карда шуд.
Зимни сӯҳбат баъзе аз иштирокчиёни ҷаласа шаҳрвандон Беков Камолиддин, Исмоилов Гулмурод, Сарсонов Гулмад, Нурматов Гулмад, Мирзоев Маҳмадсодиқ, Бобоев Толиб, Солиев Абдуҷалил, Исмоилов Тоштемур Норқулович, Раҳмонова Санобар Холиқуловна ва Ҷураев Эгамназар Толибович ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи кормандони милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия як қатор пешниҳодҳоро иброз намуданд.

IMG-20211028-WA0009

Ҳамзамон аз тарафи ҳайати мазкур тариқи хаттӣ аризаи шаҳрванд Раҳмонова Санобар Холиқуловна, нисбати шаҳрванд Ибрагимов Шералӣ ба қайд гирифта шуда, ҷиҳати баррасӣ ба роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Ҳисор супорида шуд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ба роҳбарияти ВКД ҳамчун ташкилкунандаи барномаи мазкур аз тарафи сокинони деҳаи Гулистон бо роҳбарии раиси ҷамоати деҳоти Ориён шаҳрванд Беков Камолиддин миннатдорӣ баён гардид.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия ба ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Зиддӣ, деҳаи Калон сафар намуда, бо аҳолӣ суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд. Деҳаи Калон соли 1934 ташкил шуда, аз маркази ноҳияи Варзоб дар масофаи 30 километр дурӣ байни кӯҳсор ҷойгир мебошад.
Деҳаи мазкур аз 437 хоҷагӣ иборат буда, аҳолии он 3744 нафар шаҳрвандонро ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар деҳаи мазкур як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Маркази ҷамоати Зиддӣ, 1 Маркази саломатӣ, 2 дорухона, 1 масҷиди ҷомеъ, 4 мағозаи хӯрокворӣ, 1 китобхона, 1 толори варзишӣ, 1 хонаи маданият ва 1 хоҷагии фермерӣ фаъолият мекунанд.
Аз рӯи самти фаъолияти корӣ дар деҳаи мазкур нозири минтақавии милитсияи ШҲТҶ ШВКД дар ноҳияи Варзоб майори милитсия Донёров Зариф адои вазифа менамояд.
Вохӯрии ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия бо 55 нафар сокинони деҳа дар толори дохили хонаи Маданияти деҳаи номбурда баргузор гардид.
Ҳисобот нозири минтақавии милитсия майори милитсия Донёров Зариф оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ва дигар масъалаҳои самтӣ аз тарафи иштирокчиён шунида шуд, ки дар охири баромади худ майори милитсия Донёров Зариф қайд намуд, ки дар деҳаи мазкур 6 нафар шахсони пешсудшуда зиндагонӣ мекунанд, ки то ҳол такроран даст ба ҷиноят назадаанд. Мутассифона нисбати 3 нафар шаҳрвандони деҳаи мазкур дар 10 моҳи соли 2021 ҳамагӣ 3 ҷиноят бо моддаҳои 142, 247 ва 338 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол мавриди санҷиш қарор доранд.
Зимни сӯҳбат баъзе аз иштирокчиёни ҷаласа шаҳрвандон Шарипов Суфисон, Мағзумов Сарабек, Ҳасанова Раъно, Ҷураев Кенҷа, Сафаров Ҳотам Насимович, Муҳаммадов Амрулло Сироҷович ва Наимзода Алишер Наим ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи кормандони милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия як қатор пешниҳодҳоро иброз намуданд.
Аз ҷумла, доир ба норасогиҳо ва таъмири толори хонаи Маданияти деҳаи мазкур шаҳрванд Ҳасанова Раъно аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳияи Варзоб хоҳиш намуд, ки ҷиҳати нав намудани мизу курсӣ мусоидат намоянд.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи сокинони деҳаи мазкур ба ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия тариқи хаттӣ ягон ариза ба қайд гирифта нашуд.
Дар интиҳои вохӯрӣ сокинони деҳаи Калон бо роҳбарии раиси ҷамоати деҳоти Зиддии ноҳияи Варзоб шаҳрванд Муҳаммадов Амрулло Сироҷович ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун ташкилкунанди барномаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, аз гузаронидани чунин ҷаласаи сайёр бисёр хушҳол шуданд.
Мавриди қайд аст, ки иқдоми мазкур дар доираи ислоҳоти милитсия роҳандозӣ гардида, робитаи аҳолиро бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боз ҳам қавитар мегардонад.
Гул Маҳбуба

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button