ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ДАР ЯК ДЕГ ҚАРИБ 3 ТОННА ОШ ПУХТААНД

Рӯзи 30 октябр дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Дар даромадгоҳи майдон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе як деги бузург гузошта шуд, дар ин дег он 4 ошпази моҳир қариб 3 тонна ош пухтаанд. Ин бузургтарин деги ош дар Тоҷикистон мебошад. Моҳи апрел дар Хуҷанд дар як дег қариб якуним тонна ош пухта буданд.Барои пухтани қариб 3 тонна ош дар як дег дар ҷашнвораи “Оши палав” дар Душанбе 800 килограмм биринҷ, 170 литр равған, 270 кг гӯшт, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашударо истифода кардаанд, хабар дод хабарнигори АМИТ «Ховар».Дар доираи баргузории Фестивали «Оши палав» дар умум дар 50 дег беш аз 5 тонна ош андохтаанд. Гуфта мешавад, 40 дег ош аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе ва 10 деги дигар аз ҷониби намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон гузошта шуда буд.Дар чорчӯби ҷашнвора ҳамчунин мусобиқаи “Ошхӯри беҳтарин” баргузор карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button