ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ПУЛЧИНАКИ МАРШРУТКАИ №28 БАРОИ РАФТОРИ ДАҒАЛОНА 5 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС ШУД

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки бар асоси муроҷиати як корбари Фейсбук пулчинак ва ронндаи маршруткаи №28 ҷазо дода шуданд.Ин корбар бо ирсоли акси мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс», рақами қайди давлатиаш 5556 DA 01, ки дар хатсайри №28 мусофир мекашонд, аз милитсияи пойтахт хостааст, то нисбати пулчинаки ин мошин чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ӯ иттилоъ дод, ки пулчинак ҳангоми фаъолияти корӣ нисбат ба мусофирон дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кадааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ, пулчинаки ин маршрутка шаҳрванд Одинаев Манучеҳр, соли таваллудаш 25. 09. 1998, сокини шаҳри Душанбе эътироф кардааст, ки дар ҳақиқат санаи 28 октябри соли ҷорӣ ҳангоми кор нисбат ба муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст ва аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ мекунад.“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Одинаев Манучеҳр бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбат ба вай ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд”, — хабар додааст маркази матбуоти РВКД Душанбе. Ронандаи мошин бошад, барои ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шудан бар асоси моддаи 510-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима баста шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button