ТОҶИКИСТОН

БОЗДОШТИ 5 НАРКОБАРОН БО 110 КИЛО ЧАРСИ АФҒОНӢ (ВИДЕО)

Кормандони шуъбаи чоруми раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон аз як гуруҳи фаромиллии наркобаронҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистонро дар бар мегирифт, 110 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш (чарси афғонӣ) мусодира кардаанд. Эҳсон Абдуллозода, корманди маркази матбуоти ВКД дар гузоришаш дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” гуфт, ин занҷираи қочоқи маводи мухаддир аз се ҳалқаи алоҳида, дар умум 6 нафарро фаро мегирифт, иборат буда, маводи мухаддирро аз Афғонистон ворид карда, мехостанд аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз онҷо ба кишварҳои дигар қочоқ кунандКормандони шуъбаи чорум сараввал се шаҳрванди Тоҷикистон:1. Зайдуллоев Баҳриддин, с.т.1973, сокини ҷамоати Заргар дар канори шаҳри Ҳисор,2. Раҷабов Султон Мирзомуродович, с.т. 1991, сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор ва3. Халилов Абдуалӣ Ҷалилович, с.т. 1958, сокини ҷамоати Алмосӣ дар канори ш. Ҳисорро боздошт ва аз онҳо 50 кило маводи мухаддир гирифтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button