ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ЭЪЛОНИ МУҲИМ БАРОИ ОНҲОЕ, КИ КӮДАКОНАШОН НУҚСОНИ МОДАРЗОДИИ ДИЛ ДОРАНД

Табиби кардиологи тоҷик Dr. Yusuf Burkhonzoda MD дар Фейсбук хабар додааст, ки аз 23 октябр то 2 ноябри соли 2021бо дастгири Имороти Муттаҳидаи Араб табибони Дубай ҳамроҳ бо табибони тоҷик кӯдакони нуқсони модарзодии дил доштаро дар Душанбе ба таври ройгон ҷарроҳӣ мекунанд.Ҷарроҳиҳо дар бемористони Истиқлол анҷом дода мешаванд.Шартҳои ҷарроҳии ройгон чунин аст:1) Бемор бояд аз оилаи камбизоат бошад,2) Синни бемор то 18 бошад.Dr. Yusuf Burkhonzoda MD навиштааст, онҳое, ки мехоҳанд фарзандашонро ройгон ҷарроҳӣ кунанд, бояд аз вазорати тандурустӣ санади камбизоатӣ бигиранд ваё дар бинои №2 ё корпуси дуюми беморхонаи “Истиқлол” ба апаи Зулфия, ки намояндаи вазорати тандурустӣ будааст, муроҷиат кунанд.Dr. Yusuf Burkhonzoda MD аз ҳама хостааст, ки ин хабарро бознашр карда, ба дигарон ҳам дар бораи ин амали хайр хабар диҳанд, то ки ниёзмандон хабардор шаванд ва сабаби шифои онҳо гардед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button