УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ӮЗБЕКИСТОН АЗ БАЙНИ 5 НОМЗАД, КИ АСОСИАШ МИРЗИЁЕВ АСТ, ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ МЕКУНАД

Рӯзи 24 октябр дар Ӯзбекистон президентро интихоб мекунанд. Ба ин мақом 5 номзад пешбарӣ шудаанд, вале ҳама мутмаинанд, ки интихоботро президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев мебарад.Алакай соати 11 интихоботи президенти Ӯзбекистонро баргузоршуда эътироф карданд, чунки, ба гуфтаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот Баҳром Қӯчқоров, алакай 33 фоизи мардум овоз дод. “Бино ба маълумоти шабакаи электроние, ки шумораи овоздодагонро мешуморад, то соати 11 6 миллиону 669 ҳазору552 интихобкунанда ба қитъаҳои интихоботӣ омадаанд. Ин 33,6% аз ҷамъи интихобкунандагон мебошад”, – гуфт Қӯчқоров. Овоздиҳӣ соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ сар шуда, то 20:00 давом мекунад. Шумораи умумии интихобкунандагон 19 миллиону 860 ҳазор нафар мебошад.Худи Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи аъзои оила ва домодҳояш дар қитъаи интихоботии №59 дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд овоз дод.Ин алакай шашумин интихоботи мустақими президентӣ дар Ӯзбекистон аст. Дар 4 интихоботи аввал Ислом Каримов ғолиб эълон шуда, дар интихоботи панҷум, ки моҳи декабри соли 2016, баъди марги Каримов баргузор шуд, Шавкат Мирзиёев ғолиб омад. Барои иштирок дар интихоботи имсола 5 номзад аз 5 ҳизби расман сабтиномшуда дар Ӯзбекистон номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд. Нозирон мутмаинанд, ки дар байни номзадҳои сабтиномшуда ягон нафаре нест, ки бо Мирзиёев рақобат карда тавонад ваё ҳатто кӯшиши рақобат кунад. Ба ақидаи нозирон, дар чунин шароит Мирзиёев ба осонӣ интихоботро хоҳад бурд. Мирзиёев, ки 5 сол пеш баъди марги Каримов ба қудрат расид, тавонист дар як муддати кӯтоҳ имиҷи байналмилалии Ӯзбекистонро аз як режими бераҳми саркӯбгар то ба пешсаффи ислоҳот дар Осиёи Марказӣ иваз кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button